zoofirma.ru

Бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дар вазъи тантанавӣ бингои маъмурии якум ва дуюми корхона пас аз азнавсозӣ ва таҷдиду тармими асосӣ ифтитоҳ гардид.

Барои фароҳам овардани шароити хуби меҳнатӣ, такмили ихтисоси мутахасисин, истироҳату фароғат ва ташкили хизмати маишӣ барои кормандон дар бинои маъмурии якум дар масоҳати 2 ҳазор метрии мураббаъ як ошхона барои 162 ҷойи нишаст, намоишгоҳи маҳсулот тайёр, ҳуҷраҳои кори барои маъмурият ва мутахасисон, толори багузории машваратҳо, ҳуҷраи гуфтушунидҳо, гӯшаи интизорӣ барои меҳмонон, ҳучраи бойгонӣ, дар бинои маъмурии дуюм бошад инчунин дар масоҳати ду ҳазор метрии мураббаъ ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳуҷраи истироҳат барои кормандон, синфхона, китобхона, хазина нуқтаи тиббӣ, ҳаммом ва дигар утоқхои хизматӣ бунёд карда шудааст.

Биноҳои мазкур пурра бо низоми автоматики рухсатномавӣ ва автоматики зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ҳуҷраҳои корӣ, истироҳатӣ ва хизматӣ таҷҳизоти муосир ва воситаи алоқаи пайваст бо шабакаи интернетӣ таъмин гардида, биноҳои мазкур бо низоми мутамаркази гармидиҳию хунуккунии муосир вобаста ба фасли сол муҷаҳҳазанд.

Маъмурияти корхона барои ташкили хӯроки гарми қолинбофон, фазои мусоиди корӣ пайваста кӯшиш ва ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ҳамзамон дар нимсолаи авали соли равон брои таҳвили коргарон ду нақлиёти замонавии мусофирбар дастрас карда шудааст.

Дар раванди боздид Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода иқдоми маъмурияти корхонаро доир ба фароҳамсозии шароити хуби меҳнатӣ хеле саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки дар дигар корхонаҳои шаҳр низ бояд ин таҷрибаи пешқадами қолинбофон паҳн карда шавад. Зеро шарои муносиб ва ғамхорӣ ба кормандон яке аз вазифахои пурмасъул буда, дар натиҷаи ниҳоӣ он ба афзоиши самараноки фаъолияти меҳнатӣ боис мегардад. Ҳамчунин Раиси шаҳр ташаббуси қолинбофонро туҳфаи муносиб ба ифтихори 28-солагии ҷашни бузхурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.