zoofirma.ru

Тибқи ҷадвали гузаронидани вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Гулистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии №18 баргузор гардид.

Дар толори ҶМТКММ «Апрелевка» ва толори мактаби санъати маркази шаҳр вохўрии вакил бо сокинон ва фаъолони шаҳраки Консой ва шаҳри Гулистон ба вуқўъ пайваст.

Дар баромади худ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва доир ба ваколатҳои вакилии худ ва қонунҳову санадҳои қабул намудаи парламенти касбии мамлакат суханронӣ намуд. Зикр карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ неъматест, ки барои миллати тамаддунофари тоҷик осон ба даст наомадааст. Он натиҷаи ҷоннисории фарзандони фарзонаи миллат мебошад. Алъон миллати тоҷик муайянкунандаи сарнавишти худ аст ва бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мезанад. Даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои хоҷагии халқ батадриҷ рӯ ба рушд оварданд. Аз ҷумла, Парламенти кишвар ба марҳилаи нави фаъолият ворид шуд ва бо қабули қонунҳои дархӯри замон ба пешрафти ҷомеа мусоидат намуд.

Дар навбати худ дар мулоқот сокинони шаҳр раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳраки Консой Зулхумор Холиқова, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён баромад намуда, аз тинҷиву оромӣ, осоиштагӣ, ободиву пешравиҳои кишвар шукронаву изҳори миннатдорӣ намуданд.