zoofirma.ru

Картинки по запросу ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии навбатии Зариф Ализода дар конфронси САҲА дар Варшава

https://www.youtube.com/watch?v=s2MYbnWt1d4

Суханронии Зариф Ализодадар конфронси САҲА 18.09.2019

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ҳимояи журналистон мавҷудаст. Соли 2012 аз Кодекси ҷиноятӣ моддаҳо оид ба таҳқир бардошта шуданд. Акнун масъалаи паҳн намудани маълумоти бардурӯғ аз ҷониби журналистон ҳамчун мурофиаи гражданӣ ҳал мегардад.

Ҳамчунин, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеа гузорӣ ба фаъолияти журналистон ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

 

Мутаассифона мо дар самти ҳуқуқ ва озодиҳои журналистон суҳбат менамоем, аммо уҳдадории ин категорияро баррасӣ намекунем. Танҳо баррасии якҷояи ҳуқуқҳо, озодиҳо ва уҳдадориҳо метавонад, мушкилиҳоро дар самти журналистика ҳал намояд.

Мо бояд масъаларо ҳамаҷониба омӯзем. Қаблан баромадкунанда Ҳумайрои Бахтиёр қайд кард, ки ба ӯ фишор оварданд, таъқиб намуданд. АгарҲумайрои Бахтиёр аз ҷониби мақомот таъқиб мегардид, пас ӯ аз ҳудуди кишвар берун баромада наметавонист. Номбаршуда барои гирифтани мақоми паноҳанда дар Аврупо якчанд мақолаи зидди ҳукуматӣ бо муҳтавои экстремистиро бо даъват ба тағйири сохти конститутсиониро нашрнамуд. Ин усулро аксари журналистони тоҷик дар Аврупо барои санади гуреза ва паноҳҷӯ истифода мекуананд. Барои онҳо тамоми воситаҳо қобили қабул мебошанд.

Дар масъалаи фишор алайҳи падари Ҳумайрои Бахтиёр ва ҳабси ӯ – падари ӯ муаллими оддӣ дар ноҳияиШаҳринав буда, ба кору фаъолияти рӯзмаррааш машғул аст. Ҳамчунин Ҳ. Бахтиёр гуфт, ки ба ӯ корманди пулис занг зада барои ба ватан баргаштан даъват намудааст. Ин гап дурӯғ аст, зеро корманди мақомот хуб медонанд ки ӯ кист ва ар ҳеҷ сурат ба ватан бар намегардад.

Темур Варқӣ қайд намуд, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва тарфдорони ӯ  83 журналист кушта шуданд. Аммо вақте, ки Э.Раҳмон сари қудрат омад, ин журналистон алакай кушта шуда буданд. Гӯё Маҳмадалӣ Ҳаит журналист аст. Ман ҳам баъзан мақола менависам, аммоман журналист нестам. Отахон Латифӣ, журналисти машҳури кишвар аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ кушта шуданд. Қотилон маълуманд ва дар маҳбас қарор доранд. Ин далелҳо маълуманд. Хоҳиш менамоям ба ин масъалаҳо объективӣ назар намоед.