zoofirma.ru

Тибқи нақша Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон дар мавзӯи “Забони модарӣ – забони назми оламгири Рӯдакӣ» муташаккилона баргузор гардид. Дар беш аз 43 ташкилоту корхона, ҷамоати шаҳрак, муассисаву ташкилот ва идораҳо тарғиботчиёни маҳаллӣ доир ба арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ – забони давлатӣ суханрониҳо намуданд.

Дар толори бахши фарҳанги шаҳр бо иштироки тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумавлон Азимов–профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ, Шафоат Ҳошимова–дотсент ва Абдуазиз Бобоев сармуаллими ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ ба вуқӯъ пайваст. Зикр гардид, ки забон ҳамсафари доимии ҷамъияти инсонӣ мебошад. Масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасоти миллат ҳамеша маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи он дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо мебошад.

 

Пешвоимуаззами миллат дар суханронии худ таъкид менамоянд, ки «Ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст. Ин забон забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Гузаштагони мо низ забони хешро маҳз бо ҳамин сифатҳои олии он ситоиш кардаанд».

Дар маҳфилҳои сиёсӣ инчунин иштирокдорон баромад намуда, доир ба ҳифзи ин рукни давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба забони оламгири назми Рӯдакӣ ҳарф зада, доир ба ситоиши забони ноби тоҷикӣ шеърҳо қироат намуданд.