zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди саноати сабук, арҷгузорӣ ба фарҳанги либос ва ҳунари волои халқи тоҷик дар дӯхти либосҳои миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва муосири кӯдакону наврасон, духтарону ҷавонон, бахшида ба «Солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"фестивали шаҳрии “Ҷилваи рангҳо” баргузор гардид.

Фестивали шаҳрӣ аз рӯи 8 номгӯй (номинатсия) доир гардида, иштирокчиён либосҳои қадима ва муосири кӯдакону наврасон, либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ ва хоси корвони шодӣ (карнавалӣ), либосҳои рӯзмарраи духтарон, бонувон ва модарон, либосҳо барои ҷавонон, мардон ва муйсафедон, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ (протоколӣ), либосҳои фароғатӣ, либосҳо барои хона ва корхона бо тарз ва усули хосса тибқи талаботи низомнома манзури ҳакамон ва тамошобинон намуданд.

Дар ҷамъбаст ба ҳар як шарти озмун се ҷойи ифтихорӣ дода шуд. Ғолибон ва иштирокчиёни Фестивали шаҳрии “Ҷилваи рангҳо” бо туҳфаҳои қимматноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардида, 8 ғолибони номинатсияҳо барои иштирок дар Фестивали вилоятии “Ҷилваи рангҳо” роҳхат гирифтанд.