zoofirma.ru

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар толори бахши фарҳанги шаҳр чорабинии пуршукӯҳ бо иштироки қаламкашони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик”, китобдорон, омӯзгорон ва мактабиён ба вуқӯъ пайваст.

Дар ибтидо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода табрикоти Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро манзури ҷамъомадагон кард. Сипас раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён ҳамагонро бо Рӯзи Рӯдакӣ шодбош намуд. Сипас омӯзгори муассисаи таълимии № 14 Исмоилҷон Саидов доир ба осори гаронмояи устод Рӯдакӣ суханронӣ кард. Шоира, сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Соҳил” Лутфия Неъматзода дар бораи мақом ва манзалати устод Рӯдакӣ ва шуҳрати ҷаҳонии Одамушшуаро ҳарф зад.

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, ҳофизаи хушовоз Соҳиба Каримова суруди дилангезро бо матни шеъри устод Рӯдакӣ манзури тамошобинон намуд. Хонандагони гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва муассисаи таълимии № 14 аз ашъори безаволи устод Рӯдакӣ шеърҳо қироат карданд. Ҳамчунин толибилмони ин муассисаҳо ду саҳнаи ҷолибро аз ҳаёти Соҳибқирони шоирон пешкаши ҳозирин намуданд.

Дар толор инчунин аз тарафи китобхонаи марказии шаҳр намоиши теъдоди зиёди китобҳои устод Рӯдакӣ ва асарҳои илмии олимон роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод Рӯдакӣ пешкаш гардид.