zoofirma.ru

Дастгирии ҷавонони боистеъдодДар доираи эълон гардидани соли 2015 ҳамчун «Соли рушди Фарҳанг» дар назди Қасри Фарҳанги шаҳри Истиқлол консерти хайриявии яке аз истеъдодҳои намоёни ҷавон Ашурматов Аскар баргузор гашт.

Дар чорабинии оммавии фарҳангӣ зиёда аз 500 нафар ҷавонон иштирок доштанд. Барномаи мазкур бо мақсади мустаҳкам намудани муносибати ҷавонон ба фарҳанги миллӣ ва рушди дӯстиву ҳамкорӣ, муттаҳид намудани ҷавонон гирди иқдомҳои шоиста ва меҳрубониҳои Роҳбари давлат, шукронаи фазои сулҳу салоҳ ва хизмат ба Ватану миллат доир гашт.

Ҷорӣ намудани чунин тадбирҳо дар ҳаёти имрӯза ҷавононро хушдор месозад, ки ҳамқадами замон ва барои бунёди давлати солим ҳиссагузор бошанду мавқеи худро дар ҷомеа устувор нигоҳ доранд.