zoofirma.ru

Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони Ҳаққи устод аз падар беш аст…» баргузор гардид.

Аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракаи љамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тољикистон Аъзам Ҳотамӣ маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ оѓоз бахшид. Аъзои Шӯрои вилоятии ҲВМЭТ Мављуда Мирпочоева доир ба қадру манзалати омӯзгор дар даврони соҳибистиқлолияти кишвар сухан ронд. Мудири шуъбаи рушди иљтимоӣ ва робита бо љомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода номаи шодбошии Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзодаро манзури иштирокчиёни маҳфили илмӣ-адабӣ намуд.

 

Сипас корманди Раёсати маорифи вилояти Суѓд Бахтиёр Сарҳадов доир ба дастовардҳои маорифчиёни вилоят дар мавзӯи «Маориф-меҳвари калидии сиёсати Пешвои муаззами миллат», Баҳром Саидзода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиѓон ва љавонони Раёсати ВКД Љумҳурии Тољикистон дар вилояти Суѓд дар мавзӯи «Вазъи татбиқи Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Мусаллама Қосимова, муовини озоди раиси Шӯрои ҲВМЭТ дар шаҳри Бӯстон дар мавзӯи «Дастовардҳои соҳибистиқлолӣ-самараи ваҳдати миллӣ», корманди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон Алишер Ҳайдаров дар мавзӯи «Маорифи шаҳри Гулистон дар давоми солҳои истиқлолият», омӯзгори гимназияи ба номи академик Бобољон Ѓафуров Муқаддас Бобоева дар мавзӯи «Худомӯзӣ ва масъулияти омӯзгор-омили баланд шудани сифати дарс ва сатҳи дониши хонанда» маърӯза намуданд. Дар музокира директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок намуд.

Дар интиҳо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр барномаи адабӣ-композитсиониро таҳти унвони «Омӯзгор машъали тобони љомеа», «!Мо насли хушбахти замонем!»-ро манзури иштирокчиёни маҳфил намуданд.

Дафтари матбуоти Р

шаҳри Гулистон