zoofirma.ru

Дар толори бахши фарҳанги шаҳр ба ифтихори Рӯзи Мавлоно Балхӣ маҳфили адабӣ-бадеӣ бо номи “Орифи асрори ишқ” бо иштироки омӯзгорон ва мактабиён баргузор гардид. Дар ибтидо номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи Мавлоно Румӣ манзури ҳамагон карда шуд.

Зикр карда шуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ) яке аз пурмаҳсултарин адибони тоҷику форс ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар ташаккули фарҳанги мо – тоҷикон саҳми бузурге дорад. 

Осори гаронмояи Мавлоно Балхӣ дар «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот»-и фароҳам омадаанд. Мақоми ин суханвари беназир ончунон баланд аст, ки ҳамагон ӯро бузургтарин шоири ҷаҳон, барҷастатарин намояндаи адабиёти тоҷику форс ба қалам додаанд.

Мудири шуъбаи китобхонаи марказии шаҳр Гуландом Дадоматова доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мавлоно Ҷалодиддини Румӣ маърӯза намуд.

Сипас шогирдони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр аз эҷодиёти пурғановати Мавлоно порчаҳои назму насм қироат намуда, саҳначаи ҷолибиро аз “Маснавии маънавӣ” таҳти унвони “Фаросати Луқмон” манзури тамошобинон карданд. Дар ҷараёни маҳфил санъаткорони бахши фарҳанг ва дастаи ҳунарӣғрақсии “сафина” бо сурурду рақсҳои ҷаззоб табъи ҳозиринро болида намуданд.

Дар толори бахши фарҳанг ба муносибати таҷлили Рӯзи Малоно Румӣ намоиши китобҳо таҳти унвони “Ало девони Мавлоно маро ту зинда хоҳӣ дошт...” ташкил карда шуд.