zoofirma.ru

Дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон корҳои ободонию созандагӣ рӯз то рӯз вусъати тоза мегирад. Ба қарибӣ бинои Маркази дастгирии наврасон дар шаҳрак бо тарҳи зебову замонавӣ ба истифода дода шуд.

Маркази мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, соҳибкори ватанӣ Искандари Акмалхӯҷа, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва намояндагони ташкилотҳои байналмиллалии АЗИТ, SAFERWORLD пас аз навсозии собиқ бинои ҷамоати шаҳрак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Марказ аз синфхонаи технологияи иттилоотӣ, китобхона, утоқи кории нозири минтақавӣ, утоқи ёрирасон иборат буда, инчунин дар ин бино маркази дастгирии занон дар шаҳраки номбурда ва ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии хайриявии “Ҳомиёни Ватан” ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар маросими ба истифодадиҳии бинои Маркази дастгирии наврасон ва ҷавонон раиси шаҳраки Сирдарё Ғолиб Юлдошев суханронӣ намуда, ифтитоҳи ин марказро самараи ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки бинои хуштарҳ туҳфаи арзанда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зимни боздид намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони вазорати корҳои дохилӣ ба сифати корҳои таҷдиду азнавсозӣ баҳои баланд доданд. Сокини шаҳраки геологҳо Ширин Тошматова андешаҳояшро чунин иброз дошт: – Дар урфият мегӯянд, қадами мубораки шоҳон – файзу баракот дорад.

Ташрифи навбатии Пешвои муаззами миллат ба шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” ончунон файзу баракот ва шукӯҳу шаҳомат овард, ки мислаш назир надорад.