zoofirma.ru

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шўрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иштироки аъзои Шўро, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, кормандони мақомоти милитсия баргузор гардид.

Ҷаласаро прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Сафаралӣ Самизода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мавсуф зикр кард, ки дар ҷаласа масоили марбут ба санҷиш ва таҳлили фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар самти ошкор намудани ҷиноятҳо, махсусан ҷиноятҳои вазнин мавриди баррасӣ қарор мегирад. Зикр гардид, ки аз ҷумла дар нуҳ моҳи соли 2019 дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 131 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 49 адад кам мебошад. Ошкоркунии ҷиноятҳо 96,12 фисадро дар бар мегирад. Аз 131 ҷиноятҳои содиршуда, 86 адад дар маркази шаҳр ва 45 ҷиноятҳо дар ҷамоати шаҳракҳо содир шудааст. Аз ҷумла дар ҷамоати шаҳракҳои Чоруқдаррон 9 адад, Консой 2 адад, Адрасмон 16 адад, Зарнисор 12 адад ва 8 адад дар маҳаллаи Сарбанди маркази шаҳр мебошад.

Сипас дар баррасии масъалаи мазкур муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Гулистон, подполковники милитсия Алишер Солиев, сардори шуъбаи шаҳрии РКДАМ Алишер Пирназаров, сардори нозироти андози шаҳр Зарина Раҳмонова ҷиҳати беҳбудӣ ва самаранокии фаъолият мубодилаи афкор намуданд.

Дар кори ҷаласаи Шӯро муовини якуми Раиси шаҳр Нуринисо Комилзода иштирок ва баромад намуд.

Ҷиҳати густариш ва тақвияти корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз тарафи аъзои Шўро ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Шӯро доир ба масоили баррасишуда қарори дахлдор қабул намуд.