zoofirma.ru

Кормандони кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ба ноҳияи Ашт сафар намуда, як рӯзи кори худро барои беталаф ҷамъ овардани «тиллои сафед» дар ҳашари пахтачинӣ гузарониданд.

Дар ин давраи муҳими марди деҳқон алҳол дар майдони пахтазори ноҳияи Ашт беш аз 137 нафар ҳашарчиён аз корхонаву муассиса ва ташкилотҳои шаҳр сафарбар карда шуданд. Ҳизбиён дар танаффуси нисфирӯзӣ бо ҳашарчиён мулоқот доир намуда, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён чинакчиёни пешқадамро бо дастовардҳо меҳнатиашон табрик намуд.

Ба шаш нафар чинакчиёни пешоҳанг сипоснома ва туҳфаҳои қимматнок супорида шуд. Зикр бояд кард, ки ба хирмани пахтакорони ноҳияи Ашт то ба имрӯз ҳашарчиён аз шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» беш аз 80 ҳазор килограмм пахта чида супоридаанд.