zoofirma.ru

Шахси нотавонбин дар ҳама давру замон дар ҷомеа табақаи манфуртарин маҳсуб меёбад. Имрӯз бори дигар наҳзатиён ниқоби рӯяшонро нисбати зодбумашон ба ҷаҳониён кушоданд. Онҳо бо истифода аз минбари мамолики ғарб, ки худро ҳомии демократия меҳисобанд (маҳз манфиатҷӯиҳои ғарбиён аст, ки боиси ватангадо шудани миллионҳо одамон аз Африқову Осиё гардидаанд), ба унвони Тоҷикистони соҳибистиқлол носазогӯиҳоро раво мебинанд.

Аслан агар ба фаъолияти он нафароне, ки дар зери эъломияи бо ном Паймони миллии Тоҷикистон имзо гузоштаанд шурӯъ аз Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Темур Варқӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Илҳом Ёқубов назар афканем, маълум мегардад, ки онҳо ҳамагӣ пасмондаҳои ҳамон “наҳзати қалбакии кори одамон”-и гумроҳанд. Инҳо ҳамон куҳнаандешони гумроҳанд, ки мехоҳанд ниқоби нав, яъне ниқоби бо ном демократия ва озодиро ба бар кунанду чанд тан ҷавононро ба сафҳои нопокашон ва гурӯҳҳои террористиашон шомил намоянд. Магар инҳоро озодандешу, паймонкор ва созмонкор гуфтан мумкин аст? Албатта не! Зеро ин тоифа аз асп фарояд ҳам аз узанги намефарояд. Кадом одами дилсиёҳ ва кинапарвар дигар шудааст? Худ қазоват кунед, ки ин “паймончиҳо” солҳои навад ба сари мо чи бадбахтиҳоро сарбор карда, худашон думашонро хода карда дар мамлакатҳои бо ном “демократиясозу демократияпарвар” бо садақаи хоҷагони дурӯяву ҳангомапарварашон аз дур истода, дар мавриди ба худ муносиб ба боғи сарсабзу пурсамари меҳани азизамон сангпартоӣ мекунанд. Нобакорӣ аз ин зиёд намешавад. “Хар ҳамон туқумаш дигар”.

Моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳама гуна иғвову дасисаҳои ин “паймонсозакҳо” ва даҳони бози онҳо мушти обдори корҳои созандагиву бункориро зада, бо кору фаъолияти пурсамари худ баҳри ободкориву нашъунамои диёри муқаддаси хеш ҷидду ҷадали воқеӣ карданамон лозим аст.

Бисту ҳашт сол инҷониб ин тоифа ором намегирад ва ҳар як дастоварди моро ба тамасхур ва ҳасуду ҳасад қабул мекунад. На, иштибоҳ гардид, ҳар як дастоварди мо мушти обдоре ба даҳони ин “пистаҳои бемағз” мебошад.

Анвар Раҳимпур,
сокини шаҳраки Сирдарё