zoofirma.ru

Дар майдончаи сунъии соҳили обанбори “Баҳри тоҷик” чемпионати шаҳр оид ба футболи хурд дар давоми 10 рӯз мусобиқаи шаҳрӣ дар байни 11 дастаҳои корхонаву ташкилот ва идораву муассисаҳои шаҳри Гулистон гузаронида шуд. Дар мусобиқа тимҳои яккачини МИҲД, ШВКД, ЭКГҚ, МТ Бонки миллӣ, МНДЭС, “Аветсина”, “Ситора”, прокуратура, ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон ва Чоруқдаррон, идораи обу корезӣ ширкат варзиданд.

Мусобиқа хеле шавқовар  ва бо иштироки мухлисони зиёд ҷараён гирифт. Дастаи сохтмончиёни “Аветсина” бозӣ ва маҳорати хуб нишон дода, бо ғалаба бар ҳарифони худ мақоми аввалинро ишғол намуд. Дастаҳои яккачини “Ситора” ва МИҲД ҷойҳои дуюм ва сеюмро мутаносибан ишғол намуданд.

Дар ҷамъбасти чемпионати шаҳрӣ ба ғолибон ва бозингарони беҳтарини мусобиқа сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон супорида шуд.