zoofirma.ru

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр озмуни беҳтарин дарсҳои кушодро дар мавзӯи «Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷданӣ, инчунин рафтор намудани хонандагон дар ҳолатҳои фавқулода» ташкил ва гузаронид.

Дар ҷараёни тадрис омӯзгорон ва хонандагон донишҳои худро доир ба ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи гражданӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш, инчунин оид ба расонидани ёрии аввалин ба зарардидагон маҳорати худро намоиш доданд. Дар раванди машғулиятҳо устодону шогирдон фаъолона дар озмунҳои «Расми беҳтарин» ва «Дастони моҳир» ва нақл дар мавзӯи «Пешгирии ҳолатҳои фавқулода» иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти озмун ғолибон намояндагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и маркази шаҳр ва гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо туҳфа ва сипосномаҳо мушарраф гардиданд.