zoofirma.ru

Дар гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафурови маркази шаҳри Гулистон вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти қудратӣ бо хонандагон ва омӯзгорони ин таълимгоҳ ба вуқӯъ пайваст.

Дар мулоқот масоили мубрами рӯз пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон, шомилшавии онҳо ба аҳзобу ҳаракатҳои ифтротгаро, зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа,  масъулияти волидайн ва фарзандон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, интихоби касби дӯстдошта ва монанди ин матраҳ гардиданд.

Дар назди ҳозирин мудири бахши ҷавонон ва варзиш Саидахон  Аҳмадзода, мудири бахши САҲШ Наргис Маҳмудзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, котиби масъули комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кудаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова, менеҷери муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Гулшан Мадаминова ва нозири калони гурӯҳи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД ҶТ дар шаҳр, лейтенанти калони милитсия Фирдавс Нурматзода оид ба масоили зикршуда суханронӣ намуда, ба саволҳо посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар интиҳои мулоқот сарвари гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сурайё Гадоева барои баргузории суҳбати шаффоф ва муфид ба масъулин изҳори миннатдорӣ кард.