zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Конститутсия-бахтномаи миллат» тибқи нақшаи тасдиқгардида дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ муташаккилона ба роҳ монда шуд.

Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои филология Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филология Уғулой Умаралиева ва номзади илмҳои таърих Нозирхон Икромов якҷоя бо тарғиботчиёни маҳаллӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳои маркази шаҳр доир ба мавзӯи рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баромадҳо карданд. Дар шаҳракҳо бошад хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ ба роҳ монда шуд.

Тарғиботчиён роҷеъ ба мақоми Конститутсия, ки санади асосӣ ва муайянкунандаи шоҳроҳи ҳаёти ҳар давлату кишвар ва ҷомеаи мутамаддину мамолики мутараққӣ ба ҳисоб меравад ибрози андеша намуданд. Вобаста ба ин, дар маҳфилҳои сиёсӣ иштирокдорон низ суханронӣ карда, бо шукргузорӣ ифтихори хешро аз дастовардҳо ва неъмати Истиқлолияти давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз оромиву осудагӣ ибрози назар карданд.