zoofirma.ru

Дар зиндагӣ ашхоси ношукру носипос ва даюсу манҳус ҳам ёфт мешаванд, ки нисбати Ватан-модар, миллат ва халқи худ бо ғарази сиёсӣ нигариста, дар бадномкунии зодбуми нону намак додаашон ба чанд “доллар”-и ҳангомасозони ғарбӣ ва исломситезони хунхор гоҳ-гоҳ садо баланд мекунанд. Ба ин қабил афроди беномус як гурӯҳ ҷинояткорони ифротӣ, аз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ва “Гурӯҳи - 24” шомиланд.

Дар урфият мегӯянд: қаламфур сонитар месӯзонад. Акнун ки Паймони аҳдшикани эшон низ бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди террористӣ—экстремистӣ дохил карда шуд, роҳбарони он мисли саги девона худро ба чор тараф зада, ҳаё-ҳӯй доранд, ки ҳар ки муқобили ҳукумати конститутсионӣ аст, дар Тоҷикистон онро ба гурӯҳи ҷинояткор медароранд. Худ қазоват кунед, ин “бечораҳоро” як номаи аъмоли онҳоро бардоред, ки дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ба сари мардум ба ҷуз хунрезиву ҳамҳамаву балову офат онҳо чӣ оварданд? Чӣ кори хайре барои осоиштагӣ ва сулҳу субот  ба анҷом расониданд. Ҳамон як думбраро ба даст гирифта бо як оҳангу вазну садо дар бораи “демократия” ҷор мезананд. Ин рафторашон на танҳо дар дохили кишвари соҳибистиқлоламон, балки берун аз он ҳам сахт маҳкум карда мешавад. Аз ҷумла, дар Туркия ва давлати Миср.

Бисту ҳашт сол инҷониб ин кӯрнамакҳо коре ба манфиати миллату давлати соҳибистиқлол накарда, боз бо муттаҳамӣ ба қавле “дузд қозиро муттаҳам кардааст” амал мекунанд. Аммо намедонанд, ки...

Мардуми ватанпарвару заҳматкаши тоҷик ин ҳама найрангҳоро медонанд ва сурати аслии душманони хешро шинохтааст. Дар ин росто, талошҳои бесуботсозии ҷомеа, оростани ҳар гуна анҷуманҳои васвасаандоз ба амну осоиши давлати рӯ ба рушду камол расидаи мо ҳеҷ таъсире нахоҳанд гузошт. Танҳо мо бояд зиракии сиёсиро аз даст набояд диҳем.

Гулмурод Отазода,
сокини шаҳраки Адрасмон