zoofirma.ru

Замони мо, ки замони  пуртазоду ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои  номатлуби хатарнок зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Экстремизм аз калимаи франсузӣ гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз андоза гузаштанро дорад.

Экстримист - шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию, тундравӣ аст. Ин амалҳои номатлуб метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, илм, варзиш ва ҳатто дар идеология низ ба вуҷуд ояд.

Дар Паёми Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшонро ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидааст. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад ».

Дар замони мо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравӣ амалӣ месозанд. Аз ҷумла ТЭТ ҲНИ, гурӯҳи 24…

Онҳо сабаби бадбахтиҳоро ба сари мардуми сайёра меоранд ва он асосан хурофот, ҷаҳолат, бенавоӣ ва ихтилоф аст.

Ба ақидаи муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм  аз ҳама бештар дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаи канори сайёраи мо ба амал меояд.

Экстремизм ва терроризм тамоми ҷаҳон ва ҷаҳониёнро ба ларза овардааст. Ҳама кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро пурзӯртар намоянд. Аз ҷумла, мо омӯзгорони муассиса кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки насли наврас-ояндаи миллатро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳи миллӣ тарбия намоем, таълиму тарбияи дуруст ба роҳ гузорем.

Беҳуда нагуфтаанд:

Душман чӣ мекорад?  Низо.

Кишташ чӣ бор орад? Бало.

Моро зи ҳам созад ҷудо,

Эй ҳамватан ҳушёр бош!

 

Фарангис Фармонова,
омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ МТМУ №7-и
ша
ҳраки Адрасмон шаҳри Гулистон