zoofirma.ru

«Дар ҳама корҳо сабр мебояд…»

«Бонувони Тоҷикистон», аз июли соли 2015.

Маводи Тилав Расулзода, хабарнигори махсуси маҷалла дар вилояти Суғд бо сарлавҳаи болоӣ оид ба фаъолияту ташаббусҳои соҳибкори қайроққумӣ Турсуной Зокирова чоп шудааст.

Содиқ мебояд ба ҳар коре…

«Ҳақиқати Суғд», аз 20 августи соли 2015, №100.

Муаллифи маводи мазкур М.Бобошароф буда, он ба «Аълочии нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пизишки беморхонаи шаҳраки Адрасмон Ҳусейнбой Мирзовалиев бахшида шудааст.

Вохӯрии судманд

«Ҳақиқати Суғд», аз 22 августи соли 2015, №101. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд оид ба доиршавии вохӯрии панҷуми ҳайатҳои роҳбарикунандаи сохторҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Қайроққум хабар медиҳад.

Гулшаҳр

«Ҷумҳурият», аз 27 августи соли 2015, №174.

Ҷиҳати тадбирҳои ободкориву созандагӣ, ки бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода вусъат меёбад маводи Рустамҷон Одизода дарҷ гардидааст.

Ҷалби хонандагон ба дониш

«Нилуфар», 31 августи соли 2015, №14

Таҳти чунин унвон хабари Гулҷаҳон Турсунзода дар бораи таъсисёбии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар шаҳри Қайроққум дарҷ гардидааст.

 

Здраствуй, новқй учебнқй год!

«Согдийская правда», 31 августи соли 2015, №72

Муколамаи Л.Неъматзода бо директори МТМУ-и №1 Сабоат Акбарова оид ба фаъолияти ин боргоҳи марърифат чоп шудааст.

Дар ҳамин шумора  боз маводи Л.Неъматзода бо номи «Августовская совеғание учителей в Кайраккуме» манзури хонандагон гаштааст.

 

Бадфарҷом

«Ҳақиқати Суғд», 1 сентябри соли 2015, № 105

Ҳикояи пандомези адиби қайроққумӣ Рустамҷон Одизода оид ба беадолатии падари сангдил пешкаши муштариёни вилоятӣ гардидааст.