zoofirma.ru

Дар толори Шабакаҳои барқи Суғд ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи энергетика ӣ бо иштироки барқчиён ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Ҷамъомади тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода барқчиёнро бо иди касбӣ аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шодбош намуд. Муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзодаро манзури ҳозирин намуд. Зикр гардид, ки ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегиии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид. Ба кор андохтани чархаи якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Тоҷикистон бо хати зарҳал навишта шуда, нишонаи иродаи матини мардуми тоҷик ва давлати соҳибистиқлол мебошад.

 

Бояд тазаккур дод, ки дар даврони истиқлолият дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар раванди ин таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда оғоз гардида, ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

Шаҳри Гулистон дар баробари яке аз марказҳои бузурги саноатии кишвар будан, инчунин шаҳри барқчиён муаррифӣ мегардад. Кормандони соҳаи энергетикаи шаҳр тавассути меҳнати фидокорона ва суботкорона ба дастовардҳои наҷиби меҳнатӣ соҳиб шудаанд.

Сипас директори Шабакаҳои барқи Суғд Тӯра Атамов кормандони соҳаи барқро аз номи роҳбарияти ШСХК «Барқи тоҷик» муборакбод намуд. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён энергетикҳои шаҳрро бо иди касбиашон табрик кард.

Доир ба дастовардҳо ва густариши фаъолияти соҳаи энергетика директори Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» Файзулло Авезов, сардори Раёсати ХДНЭ-и минтақаи Суғд Шералӣ Ҳоҷиев, раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи вилояти Суғд, раиси кумитаи иттифоқи касабаи Шабакаҳои барқи Суғд Ҷаннат Лолаева-Ядгарова сухан ронданд.

Дар интиҳо сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, ШСХК «Барқи тоҷик», КИШ ҲХДТ ва кумитаи иттифоқи касабаи корхона дар вазъи тантанавӣ ба пешоҳангон ва собиқадорони соҳаи энергетика супорида шуд.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон