zoofirma.ru

Аз таърих бармеояд ки хоинон ҳама вақт шахсиятҳои бузургро ҳамроҳи мекарданд.Ва аз фурсати муносиб истифода бурда зарари худро мерасониданд.Мафҳуми хиёнат ин кирдори қасдан расонидани зарар ва осеби модди маънавӣ ва ҷисмони мебошад. Яъне, аъмоли мушаххас барои расонидани осеби бештар ба шахси наздик, ҳаммеҳан, ҳамкор ва дӯсту ҳамсангар.

Аз ин лиҳоз, ТЭТ ҲНИ хоинони Ватан буда, мувофиқи лоиҳаи ғаразноки тахрибкорӣ, бадандешӣ, ҷудоиандозӣ ва тафриқаандозӣ симои худро ба арсаи ҷаҳонӣ нишон доданд. Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯз роҳбарии ин гурӯҳи террористиро дар даст дорад, аз баҳри ба даст даровардани пулу пайсаи дунё номи ҳизбашро дигар карда, Паймони миллии Тоҷикистон ном кардааст.

 

Нақшаи тарҳрезӣ шудаи соли 2015 ошкор гардид, ки инҳо чиро мехоҳанд, ва чӣ мақсад доранд ва ҳоло бошад дар кишвари Аврупо қарор дошта фитна ва иѓвогарӣ карда истодаанд.

Мо чунин муносибат ва рафтори онҳоро сахт маҳкум мекунем ва дубора намегузорем, ки Љумҳурии Тоҷикистонро боз ноором созанд. Хушбахтона, имрӯз дар кишвари азизамонТоҷикистон сулҳу осоиштагӣ қарор дорад ва мо тамоми неруи худро барои боз ҳам тинҷу ором шудани кишварамон саъю талош меварзем ва ифтихор аз он мекунем, ки мо бо ҳузури марди наҷиб ва адолатпеша - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ карда, умр ба сар мебарем.

 

Муҳаммадҷон Усмонов,

сархатиби масҷиди љомеи марказии шаҳри Гулистон