zoofirma.ru

21 декабр дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия санги асос гузоштанд.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист маълумот дода шуд, ки бинои сохташаванда 2-ошёна буда, масоҳати умумии он 9 садяк заминро дар бар мегирад ва масоҳати зери сохтмон 118 метри мураббаъ аст.

Дар ошёнаи якум ва дуюми он утоқҳои кории кормандон ва толори маҷлисӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иншоот дорои 6 ҳуҷра ва шароити хуби корӣ хоҳад буд. Ҳамаи утоқҳои кормандон бо компютер ва мизу курсӣ муҷаҳҳазонида мешаванд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои бунёди бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон санги асос гузошта, бо сохтмончиён суҳбат намуданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нав ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна, 11 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Тибқи нақша дар ошёнаи якуми бино Корхонаи Воҳиди Давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва дар ошёнаи дуюм Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон ҷойгир хоҳанд шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи биноҳои сохташаванда ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохмтонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Иншооти мазкур то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд мегарданд ва дар рафти корҳои бунёдӣ, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби кор ва маош мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бунёди 180 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 110 адади он ба истифода дода шудааст.