zoofirma.ru

Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем.

Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву Истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд. Мову шумо аз фарози қарни ҶҶI бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва Истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд.

Аз ин лиҳоз, Истиқлолияти мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангиро дорост. Қаҳрамониҳои Спитамен, Абӯмуслим, ватанхоҳиву муборизаҳои Темурмалику Шерак, исёни адолатхоҳонаю озодихоҳонаи Восеъ ва даҳҳо дигар мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо баҳри истиқлолият  мебошад. Аз ин рӯ, тавре баъзе муҳаққиқон ишора менамоянд, Истиқлолияти тоҷикон, фақат натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Ҳаракати озодихоҳии ниёгони мо тӯли ҳазорсолаҳо идома ёфта,  дар ибтидои асри ХХ шаклу мазмуни нав пайдо намуд. Муборизаи шадиди мафкуравии фарзандони бузурги миллати мо, ба мисли Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим  Ҳоҷибоев, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Алоуддин Баҳоваддинов, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммад Осимӣ, Сотим Улуғзода ва гурӯҳи калони олимону зиёиёни сарсупурда ва дурандеш набояд аз ёдҳо зудуда гарданд.

Онҳо, барҳақ, барои бедорӣ ва худогоҳии миллӣ ба тариқи таҳқиқу таблиғи таърихи бисёрҳазорсолаи ниёгон ва мероси оламгиру  ҷовидона мубориза бурда халқи моро ба шоҳроҳи манфиатҳои аслии миллӣ  ҳидоят намуданд. Зиёда аз ин, метавон гуфт, маҳз ҳамин кӯшишу ғайрати бошуҷоати онҳо, заминаи боэътимоди ташаккули ғояйи миллӣ гаштанд. Ин кӯшишу ҷонбозиҳо буд, ки миллати тоҷик дар солҳои 90-уми қарни ХХ соҳиби давлати мустақил гардид ва ба оламиён аз вуҷуди худ паём дод. Аммо нотавонбинону ҳасудон ва хоинони миллат аз дидани ин рӯзҳои саршор аз шодиву сурури халқи тоҷик дар пайи амалҳои ғаразнок гардида бо чанд роҳу усулҳо хостори табаддулоти давлатӣ ва халалдор намудани тинҷиву оромии халқи азиятдида гаштанд. Ин буд, ки кишвари моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии бародаркуш гирифтор сохтанд.

Вале ин нуктаро фаромӯш набояд кард, ки халқи тоҷик дар тӯли таърих борҳо бар душманон зафар ёфта халқи худро аз душманон ҳифз кардаанд. Ин буд, ки фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи фидокоронаи фарзандони баруманди миллати тоҷикро идома дода, зимоми давлатдориро бар дӯши худ гирифт. Бо талошу ҷонбозиҳои ин шахси наҷиб миллати тоҷик аз вартаи нобасомониҳо раҳоӣ ёфт. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлоли кишвари азизи мо аз ҳар ҷиҳат рушд намуд.

Имрӯз Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари озодихоҳ, мустақил ва дар ҳоли рушд мешиносанд. Халқи тоҷик имрӯзҳо шукрона аз ин Ватани озоду маҳбуб намуда, дар фазои тинҷиву ооромӣ зиндагии осоишта ба сар мебаранд. Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе аз хоинони миллати тоҷик, ба мисли Сайидюнуси “Истаравшанӣ” (мо Суғдиён аз Истаравшанӣ будани ӯ ор мекунем ва ӯро ҳамчун пешхидмати хоҷагонаш мешиносем), Мирзо Салимпур директори “Ахборком” ва Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари паймони миллӣ, ки худ дар хориҷ аз кишвар аз пешхидматӣ ба хоҷагони худ манфиат ба даст меоранду бо луқмаи нопок танпарварӣ менамоянд ва заҳматҳои халқро дар роҳи ободии Ватан нодида мегиранд аз дур мисли саг ав-ав намуда, бо ҳар роҳу воситаҳо мехоҳанд ҳаёти осоиштаи халқро халадор намоянд. Мардуми сарбаланди тоҷик он рӯзҳои даҳшатбори солҳои ҷанги шаҳрвандиро аз ёд набаровардааст ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки нохалафҳое ҳаёти ширину рангини онҳоро ба шоми тор табдил диҳад. Мо ҳамеша барои ҳифзи Истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва марзу буми аҷдодӣ талош менамоем.

Аҳлиддин Абдураҳмонов,
директори МДРИ-и назди шуъбаи
маорифи шаҳри Гулистон