zoofirma.ru

Пайдо шудани гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба мисли “Гурӯҳи 24” ки ба худнамоӣ ва худситоӣ машғуласт ва то андозае боиси эъҷоди хавфу хатар гардидааст, нигароникунанда мебошад. Онҳо ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ намедонанд, ки:  “Аз куҷо омадаанд ва омаданашон баҳри чӣ буд? Иллати аслии омаданашон “...барои васлкардан, на барои фаслкардан”-ро  дарк накардаанд, ки андешаи ҷудоӣ ва ҷудоиандозиро дар ниҳодашон парвариш менамоянд.

Аслан онҳо касоне ҳастанд,  ки ба қавли Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “На падару модар, на дин ва на давлат  доранд”. Онҳо зархаридоне ҳастанд, ки ҳатто наметавонанд аз он сарвате, ки  барои амалашон  ба даст меоранд истифода намоянд. Ҷаҳолат ва гумроҳӣ боис шудааст, ки онҳо  ба доми  душманони  инсоният, ки мутаассифона аз табори худашон (манзур хоҷагони онҳост, ки онҳо низ “инсон”-анд ) аст, гирифтор шудаанд.

Ҳанӯз дар замонҳои қадим  юнониён  бар ин бовар буданд, ки  метавон дар натиҷаи  ба ҳам  муттаҳид ва  якҷояшавӣ  зиндагии хуб  ва осударо  ба сар бурд. Фаротар аз юнониён  ҳатто дар обшинаи ибтидоӣ  ин андеша  сар задаву  лоиқи пазириш буд. Онҳо касе, ки  нисбат ба дигарон камтар кор мекард, намеписандиданд ва аз қабилаашон  берун мекарданд, ҳоло он ки имрӯз нафаре инсон мекушад. Пас  барои ӯ чӣ ҳукм мекарданд? Худо медонад.

Бо ин ҳама баҳогузорӣ  дар охир  метавон гуфт, ки зулм  ва хусумат  барои пешрафт  ва ташаккули ин ё он давлат нафар ва ё ҷамъиятеро  ба хушбахтӣ  бурда намерасонад. Ба ҷуз пушаймонӣ  самари дигаре  надорад ва он низ дар вақте ба сарашон мерасад, ки дигар барояшон  дер шудааст. Ҷомеа, аллакай, аз онҳо рӯ гардондаву  онҳоро душмани  худ медонад.  Халқ медонад, ки онҳо  аз одам ва одамгарӣ  фарсахҳо дур рафтаанд.

Исмоил Саидов,

омӯзгори МТМУ №14-и шаҳри Гулистон