zoofirma.ru

Терроризм  амали нангинест, ки ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Ҳамасола ҳазорон нафар одамони бегуноҳ аз амали террористон ҷонҳои азизи худро аз даст медиҳанд. Террористон ба ягон миллату дину мазҳаб мансуб набуда, онҳо амалҳоеро пиёда мекунанд, ки иборат аз куштору сӯхтор, инфиҷор ва даҳшатфиканист. Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо сароҳат хотирнишон кардааст, ки дар ҳашт соли охир аз амалҳои террористӣ наздики чорсад ҳазор одам ҳалок ва беш аз як миллион одам ҷароҳат бардоштаанд.

Шинос намудани насли наврас бо симои террористон ва мафҳуми «террор» вазифаи мактабу ҷомеа мансуб меёбад. Шогирдон бояд донанд, ки террористон душманони ҳақиқии сулҳу озодӣ ва ваҳдати миллатҳои дунёанд. Амалҳое, ки онҳо иҷро мекунанд аз доираи ахлоқу одоби инсонӣ берун буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро маҳкум менамояд.

Имрӯз дар назди мактаб вазифае меистад, ки хонандагонро бо симои ҳақиқии чунин неруҳои аҳриманӣ шиносонанд, ки дар ҷаҳон гурӯҳҳо бо таблиғотии хасмона ҷавононро ба созмонҳои террористӣ ҷалб мекунанд.

Қобили зикр аст, ки кӯдакон, наврасон ва ҷавонон табақаҳои муҳими ҷомеа буда, онҳо созандагони Ватан ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон барои тарбияи солими онҳо, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дар вуҷуди онҳо парваридани зиракии сиёсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, мақсаду ҳадаф ба он нигаронида шудааст, ки насли наврас аз овони мактабхонӣ ва ба камолрасӣ баду некро фарқ карда тавонанд. Бидонанд, ки чунин ҳаёти осоишта барои миллати мо ройгон ба даст наомадааст. Дар як давраи муайян миллати мо бо зуҳуроти экстремистӣ ва ҷудоиандозону бадхоҳони миллат бо шуҷоату мардонагӣ мубориза бурдааст.

Сарвари миллат ҳамеша наврасону ҷавононро ба доштани зиракии сиёсӣ даъват мекунанд, зеро ин омили посдории шуҳрати Ватан, якпорчагии он, таҳкими Ваҳдати миллӣ, болотар аз ҳама, худшиносии миллии ҳар кадоми мост.

Санавбар НАБИЕВА,
директори МТМУ №2-и шаҳраки Чоруқдаррон