zoofirma.ru

Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон ҷаласаи васеи раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр бо иштироки раисони ташкилоти ибтидоӣ, намояндагони соҳаҳои маорифу фарҳанг,  собиқадорони фаъоли маркази шаҳр ва шаҳракҳо баргузор гардид. Дар оғоз раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Каромат Қосимова доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои  фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатии шаҳри Гулистон дар давоми соли 2019 маърӯза намуд.

Дар маърӯза фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ мушаххас таҳлил гардида, ба маъсулини ташкилотҳои ибтидоии ҷамоати шаҳракҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаҳо ва барномаҳои фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Дар музокира собиқадори соҳаи маориф Шаҳодат Каримова, собиқадории соҳаи фарҳанг Карим Холов, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони хизмати ҳарбии дар шаҳри Гулистон Музаффар Бобоҷонов, котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Ҳайдар Муротов ва мудири шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона Дилором Ёқубова суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа инчунин як қатор масъалаҳои марбут ба фаъолияти Шӯро ва барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи 2020 баррасӣ шуданд.

Дар маҷлиси фаъолон намояндаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатии вилояти Суғд Убайдулло Рашидов ва намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ Муҳаммадҷон Турсунов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар охир ба пешоҳангони Шӯрои собиқадорони шаҳр бо сипоснома ва туҳфаҳо барои фаъолияти пурсамар қадршиносӣ карда шуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳр