zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Бисту чор сол муқаддам 9 сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки барои ҳар яки мову шумо иди муқаддас ва азизтарин маҳсуб меёбад.

Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки соҳиби давлати мустақил будан шарафи бузург аст. Имрӯз вақти он расидааст, ки шукронаи муқаддасоти ҷовидона  намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳоло Тоҷикистон дар арсаи нанг қарор дорад ва ҳар як фарди бошарафу номуси кишварро зарур аст, ки бо меҳнати софдилонаву содиқона баҳри абадиву пойдории ин неъмати бебаҳову пурарзиш саъю талош намояд. Зеро маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлат имрӯз ҳар фарди меҳнатқарину ватандӯсти тоҷик, дар атрофи татбиқи ормонҳои сарнавиштсози миллӣ ба зиндагии шарафманди пурсаодат ва рӯзгори осуда расидааст.

Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурарзиштарин неъмат дар ҳамаи давраи давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад.

Ҳамдиёрони арҷманд! Дар ин рӯзи фархунда беҳтарин хушиҳои рӯзгорро бароятон орзу намуда, дар фаъолияти пурсамаратон баҳри ғанӣ гардонидани буҷет ва устувории иқтисодиёти мамлакатамон дастовардҳои бузургро таманно дорам. Орзумандам, ки ин санаи пурарзиш ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, фатҳу нусрат ва бахту саодатро арзонӣ намояд.

Ҷашни Истиқлол муборак, ҳамшаҳриёни азиз!