zoofirma.ru

Дар гӯшаҳои гуногуни дунё фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори он ба мушоҳида мерасад. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардааст. Вазъи мураккаби баъзе аз мамлакатҳо нишон медиҳад, ки падидаи номатлуби ҷомеа терроризм ва экстремизм рӯз то рӯз вусъат мегирад. Зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав сабаби муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра ва шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам мегардад, ки мутаассифона, тамоми ҷомеаро фаро гирифта, яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир гардидааст

Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман  паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳидаю минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Чуноне, ки ҳар як зуҳурот ё ҳаракат заминаи пайдоиши худро дорад, терроризм низ омилҳои пайдоиши худро доро мебошад. Шакли ибтидоии пайдоиши он ифротгароӣ ё тундгароӣ аст. Ифротгароӣ маънои даъват кардан ба нооромиро дорад. Агар ин амалҳо пешгирӣ шаванд, бовар аст, ки терроризм ва хавфи он дар ҷомеа камтар мешавад. Мушоҳидаву таҳлили вазъи ҷомеа нишон медиҳад, ки сабабҳои пайдоиши ифротгароӣ ин, сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва монанди ин мебошад. Мутаассифона, баъзан ҳолат найрангҳои ифротгароён натиҷа ҳам медиҳад, чунки бештар барои расидан ба ҳадафҳояшон насли ҷавон ва корноозмудагонро ҷалб мекунанд. Онҳо медонанд, ки ҷаҳонбиниву фаҳмиши ҷавонон нав ташаккулёфта истодааст ва ҳар масъалаеро, ки ба онҳо талқин кунед, эҳтимоли пайравӣ ва бовар карданашон бештар аст. Масъалаи ҳушёрии сиёсӣ ва лаёқати таҳлил кардану муқоиса намудан ва ё чизеро надониста, пайравӣ накардан ба ақидаи ҳар кас маҳз барои ҳамин таъкид шудааст, ки ҷавонон бепарво набошанд. Аммо, афсӯс, ки баъзе ҷавонон ин таъкидҳоро чандон ҷиддӣ қабул намекунанд. Албатта, ба якборагӣ аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб кори осон нест, вале омилҳоеро, ки барои ба вуҷуд омадани терроризму экстремизм замина фароҳам овардаанд, дар алоҳидагӣ бартараф кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, дар тафаккури ҷавонону насли наврас ақидаҳоеро зеҳннишин гардонем, то дар муқобили муборизаҳои идеологии гурӯҳҳои тундрави ифротгаро даст боло шаванд. Дар ин сурат мо муваффақ мешавем, ки сулҳу амнияти давлати худро пойдор ва аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ дорем.

Дар ин самт падару модарон, омӯзгоронро низ зарур аст, ки барои ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус ҷавонону наврасон камари ҳиммат банданд.

ФИРӮЗА Ҷӯраева, «Соҳил»