zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» фестивал  - озмуни шаҳрии атласу адрас дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.  Дар чорабинӣ 62 нафар  бо намоиши сару либоси миллӣ иштирок карданд. Духтарон бо либоси миллии кӯдакона, рӯзмарра, расмӣ, идона ва бо либоси арӯсию домодӣ намоиш доданд, ки тамошобинон аз нозукиҳои духт ва либоси миллӣ бархурдор гардиданд.

Фестивали атласу адрас пеш аз ҳама, ҷиҳати ҷалби ҷавонон барои гиромидошт ва либосҳои шинами миллӣ, эҳтиром гузоштан ба либосҳои миллии тоҷикӣ ва тарғиби неки анъанаҳои неки либоспӯшии тоҷикон нигаронида шуда, ҳисае аз ташаббусҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ин самт арзёбӣ гардид.

Фестивал дар фазои идона баргузор гардида, бо натиҷагирӣ аз намоиши сару либоси миллии намудҳои атласу адрас ҷои аввал ба Сафияхон Содирӣ, ҷойи дуввум Маниҷахон Ҷамшедзода, ҷойи сеюм Нурмуҳамад Абдуллоев – дар намуди либоси рӯзмарра  ҷойи аввал ба Фирӯза Мақсудова, ҷойи дуввум ба Сайёра Таурова ва ҷойи сеюм Оминаи Комилҷон – либоси расмӣ ҷойи аввал Матлуба Раҷабова, ҷойи дуввум Салима Самадова, ҷойи сеюм Назира Норматова – либоси идона ҷои якум ба Зулфинисо Абдураҳимова, ҷои дуввум ба Шаҳноза Ваҳобова, ҷои сеюм Томирис Кадирова  ва дар намуди либоси арӯсию домодӣ ҷойи якум ба Рухшона Худойдодова ва Хуршед Юсуфов, ҷойи дуюм Сабрина Сангинова ва Самандар Ҷамолиддинов, ҷойи сеюм Усмон Баротов ва Шукрона Худойдодова анҷом пазируфт.

Ба ғолибон ва иштирокчиён диплому туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.