zoofirma.ru

Дар толори Қасри фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон тибқи қонунгузории интихобот мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ бо интихобкунандагони шаҳр бо мақсади муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода мулоқотро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд. Зикр гардид, ки тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тарғибу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳо баргузор мегардад.

Дар мулоқот Асрор Латифзода, муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Дилрабо Мансурӣ, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубахон Сатториён, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, раисони ташкилотҳои  ибтидоӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода,  доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ доир ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Тазаккур дода шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо назардошти вазъи аслии кишвар ва дигаргуниҳои ҷаҳони муосир таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии осоиштаи мардум” тартиб дода шудааст. Барнома чуноне дар ин ҷо зикр гардид, самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро барои солҳои 2020-2025 фаро мегирад. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот, такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон, бонувон, варзиш, сайёҳӣ бахшҳои муҳимтарини Барномаи пешазинтихоботии ҳизб мебошад.

Ҳамзамон, фаъолони ҳизб Абдумуталиб Абдуллоев ва Исмоил Саидов оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози андеша намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки интихобкунандагони гулистонӣ барои муташаккилона гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихобот саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Мулоқот бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.