zoofirma.ru

Ҷиҳати татбиқи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз сокинони шаҳри Гулистонро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ тақдим кард.

Масалан, собиқадори хизмати давлатӣ, ходими ҳизбию давлатӣ шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон Санавбар Нуруллоеваро аёдат намуд. Бояд гуфт, ки номбурда 82-сол дошта таи солиёни зиёд дар соҳаҳои гуногун бахусус ба ҳайси раиси ноҳияи Ашт фаъолият намудааст.

Ғайбулло Зайниддинов аз зумраи дигар шахсоне буд, ки мавриди таваҷҷӯҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Бояд гуфт, ки Ғайбулло Зайниддинов собиқадори соҳаҳои ресандагӣ ва қолинбофӣ буда, дорандаи лауренти мукофоти давлатии Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистӣ мебошад. Номбурда тавонистааст маҳз бо маҳорати волои кордониву корбари дар самти рушди соҳаи қолинбофӣ ҳиссаи арзанда гузорад.

Роза Ли дар қатори нафарони болозикр мебошад, ки Раиси вилоят аёдат намуд.  Бояд гуфт, ки Роза Ли собиқадори соҳаи маориф буда, дар ин ҷода то ба нафақа баромадан дар таълиму тарбияи насли наврас заҳмат кашидааст. Айни замон ӯ 85 сол дошта давлати пирӣ меронад. Маҳз меҳнатҳои номбурдаро ба назар гирифта, ба Роза Ли унвони Аълочии маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистонро сазовор донистанд.

Дар ин рӯз ҳамзамон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокини шаҳри Гулистон, Рима Беляеваро мавриди ғамхорӣ қарор дод. Рима Беляева тамоми солҳои фаъолияти меҳнатии худро ба рушди соҳаи фарҳанг хусусан рассомӣ бахшидааст. Номбурда аъзои иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, то ба ҳол низ дар мактаби санъати шаҳри Гулистон фаъолият менамояд.  Ӯ низ Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамаи аёдатшудагон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили мамлакат барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят арзи сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд