zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳр мулоқоти номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум, №15, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ доир гардид.

Мулоқотро раиси комиссияи ҳавзавии интихобот Абдусамад Кенҷаев, кушода, қайд намуд, ки имрӯзҳо омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1-уми марти соли равон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2019, №1380 дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон бомаром ҷараён дорад. Тибқи қонунгузории интихобот комиссияҳои интихоботӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба қайдгирии номзадҳоро пурра ба анҷом расонидаанд. Дар ҳавзаи мазкур 4 нафар номзад ба қайд гирифта шуданд.

Баъдан шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Илҳом Мадализода бо шарҳи ҳол ва шарҳи мухтасари барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум, №15-ро ба интихобкунандагон манзур кард.

Номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум, №15, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода дар суханронии хеш зикр кард, ки барномааш дар асоси Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳия ва омода гардида, дурнамо ва ҳадафҳоеро дар бар мегирад, ки дар партави амалӣ намудани нуктаҳои муҳими Барномаи мазкур қарор гирифтааст. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои Барномаи навбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ба назари мо, таҳияи стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни соҳавии асоснок аҳамияти аввалиндараҷа доранд, тавассути онҳо барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам мегардад. Роҳандозии ҳадафҳои барномавии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама, ба ҷалби аъзои ҳизб ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ марбут аст.

Сипас саволу ҷавоб бо интихобкунандагон доир гардид. Интихобкунандагон Самархон Алимова, Гулсанам Пӯлодзода, Биомина Мирзоева, Муслимахон Ҷамолиён ва Санавбар Нуриллоева доир ба барномаи пешазинтихоботии номзад фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.