zoofirma.ru

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода чанде аз сокинони барӯманди шаҳраки Сирдарёро аёдат намуд.

Дар шаҳрак дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода Лилия Улановаро аёдат кард. Мавсуф собиқадори меҳнат ва дорандаи ордени “Шараф” буда, ба синни мубораки 80 расидааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар соҳаи гелогияи тоҷик дар вазифаи сардори лабораторияи кимиёвии Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум фаъолият бурдааст.

Сипас Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода кӯҳансолтарин сокини шаҳраки геологҳоро аёдат намуд. Болтунисо Шамсиева аз зумраи он шахсонест, ки ба синни табарруки 101 сола расидааст. Мавсуф солҳои дароз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳру вилоят фаъолияти пурсамар доштааст.

Аёдатшудагон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили мамлакат барои чунин таваҷҷуҳ ва дастгириҳо ба Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ миннатдории самимӣ баён намуданд.