zoofirma.ru

Ҳамагон огаҳ ҳастем санаи 1-уми марти соли 2020 даъвати нави (даъвати шашум)-и интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоати шаҳрак ва деҳот баргузор карда мешавад.

Ман ҳамчун як фарди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷинсият, миллат ва наҷод, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро пайдо намудаанд, даъват ба амал меорам, ки дар ин кори пурмашаққат саҳмгузор буда номзади арзандаи худро интихоб намоем. Ҳамаи мо дар ин роҳ бояд масъулияти бузург ва софдилонаро пешаи худ карда, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ, ки ояндаи давлату миллат ва гул-гул шукӯфоии Тоҷикистони азиз, ки хонаи умеди ҳар яки  мо аст, аз аз ин интихоботи навбатии вакилон вобастагии қави дорад, саҳми арзандаи худро гузорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.12.2019 ироа гардид махсусан ҳамин нуқтаи муҳмро қайд намудаанд, ки «Интихоботи навбатӣ бояд омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад.

Интихобот барои кишварҳое, ки демократия ва озодандеширо ҳамчун роҳи тараққиёти давлат ва пешбурди ҷомеа пазируфтаанд, як оинаест, ки вазъияти мавҷударо таври равшан ва воқеӣ инъикос менамояд. Ҳамзамон ин интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушду тараққиёти минбаъдаи кишварро ҳаллу фасл ва муайян мекунад.

Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти ниҳоят муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат, интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳад. Аз ҳамин рӯ Конститутсияи ҷумҳурӣ, хусусан моддаи 1-и он Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намудааст. Инчунин, дар моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ аҳамияти интихобот ва нақши он дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимият нишон дода шудааст: “ Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст ”. Яъне нақши интихобот ҳамчун восита дар воқеӣ гардидани ҳокимияти халқ бузург аст. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоягари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд.

Умуман, интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ вазифаҳои гуногун дошта, он дар рушди тамоми соҳаҳои ҷамъият нақши бузургро иҷро мекунанд. Амалӣ гардидани чунин вазифаҳо боис мегардад, ки минбаъд дар ҷомеа суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ, созиш ва ҳамгироии манфиатҳо, рушди инфрасохторҳои муҳимми давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконпазир бошад.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул гардидаанд, ки ташкил ва раванди интихоботро дар ҷумҳурӣ таҳким мебахшанд. Ба чунин санадҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар санаду қонунҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дохил мешаванд. Таъкид кардан зарур аст, ки чунин санадҳо асосҳои сиёсию ҳуқуқии низоми ташкили интихобот дар ҷумҳуриро таҳким бахшида, раванди баргузории онро самаранок мегардонанд. Бояд қайд кард, ки раванди ташкил ва баргузории интихобот аз ҷомеаи шаҳрванди  фаъолнокӣ ва иштироки баланди сиёсиро талаб дорад, зеро иштироки васеи ҷомеа ва овоз додан ба номзади арзандаи худ, ҳамчунин ташкили ҳокимият дар заминаи интихобот фаъолноки ва шукӯфоии ояндаи давлату миллати худро тақозо дорад.

Маҳз ҳамин панҷ даъвати интихоботи демократии шаффоф буд, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва дар ҳоли рушд мешиносанду эътироф мекунанд. Аз замони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳамин иштироки фаъолона ва интихоби дурусти вакилони арзандаи сокинони кишвар дар интихоботҳои қабли буд, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 150 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатию тиҷорати дар ҳамаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шартномаҳои ҳамкори баста, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар қадамҳои устувор гузошта, баҳри расидан ба ҳадафҳои Олии худ кӯшишҳои зиёде шуда истодааст.

Инчунин ҳамаи моро зарур аст, ки дар интихоботи навбати, ки санаи 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад, зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумуи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ давлатдории миллӣ» иштироки фаъолона намуда, барои пойдории Истиқлолияту арзишҳои миллӣ ва ободонии кишвари азизи худ бетараф набошем.

 

Аҳлиддин Абдураҳмонов,

директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон