zoofirma.ru

Таҷлили ҷашн дар «БаҳористонШоми 9-уми сентябр дар «Осоишгоҳи Баҳористон» бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид. Фароварди ҳамоиш бо намоиши филми «Истиқлол» ҳусни оғоз ёфт.

Ҳунарварони варзида Зиёвиддини Нурзод, Саидаи Сироҷиддин, Олим Маҳмудов бо суруду навоҳои диловез, ширинкорони «Ғарибшо –компания» ва «Коно ва Доно» бо ҳазлу мутоибаҳои шӯх ва гуруҳи рақсии «Фалак» таҳти сарварии Сайёда Турсунова бо рақсҳои ҷолиб табъи ҳузурдоштагони чорабиниро болида доштанд.