zoofirma.ru

Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия иборат буда, муҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст. Дар моддаи 5-и ҳамин Қонуни конститутсионӣ мутобиқати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ, изҳори иродаи аҳолӣ ба воситаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ва дастаҷамъӣ будани фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар қатори дигар принсипҳои фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зикр гардидаанд.

Дар Тоҷикистон тибқи Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Тибқи ин санади асосии кишвар мансуб ба меъёри демократӣ шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрванд аз синни 18 солагӣ ҳуқуқи интихоб намудан ва инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро низ доро мебошад.

Дар боби шашуми Конститутсияи кишварамон оварда шудааст, ки ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндаги ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, карорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

Талаботи дар боби Конститутсияамон баёншуда минбаъд бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба танзим дароварда шудааст.

Боби 2-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мансуб аст. Қобили тазаккур аст, ки меъёрҳои ин Қонуни конститутсионӣ пурра ба манфиати халқ арзёбӣ гардидааст.

Иштирок дар интихоботи вакилони халқ ин изҳор намудани ирода дар эъмори давлати демократӣ ва саҳмгузорӣ дар устувор намудани пояи соҳибихтиёрии давлат аст. Ноил шудан ба пешрафту ишкишоф, дастовард дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани ватанамон аз кӯшишу ғайрату меҳнати софдилонаи ҳар яки мо вобаста мебошад.

Ҳар яки масъулияти баландро дарк намуда, чун шаҳрванди соҳибхирад ва ватандӯст дар интихоби вакилон, ки минбаъд иродаи якояки моро изҳор медоранд, дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар – интихоботи вакилони халқ иштирок намуда, ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқро ба иҷро расонем.

Умеда КОМИЛОВА,

сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа