zoofirma.ru

Дар тарабхонаи “Авранг”-и Осоишгоҳи “Баҳористон” бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар ҷамъомади ботантана бо иштироки бонувони собиқадорони меҳнат, пешоҳангони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор гардид.

Намояндани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят Маҳмадӣ Давлатов табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи Модар манзури модарон-бонувони гулистонӣ намуд. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳозиринро бо иди фархундаи модарон ва бонувон муборакбод кард. Зикр гардид, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занон ҷойгоҳи хоса дорад.

Зеро Сарвари давлат чун ҳамеша занонро неруи созандаи ҷомеа дониста, эътимоду боварии худро нисбат ба онҳо баён доштаанд. Тавассути сиёсати некбинона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат ва бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон дар бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон модели сиёсати давлатии Тоҷикистон эҷод гардидааст. Алҳол 50 дар сади аҳолии шаҳрро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр беш аз 70 нафар бонувон ба сифати роҳбар фаъолият бурда, 60 фоизи теъдоди кормандони соҳаҳои хоҷагии халқро бонувон ташкил медиҳанд. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 200 нафар занон бо соҳибкории хурду миёна машѓуланд. Алҳол беш аз 700 нафар занони ҳунарманд, ба ривоҷу такомули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дўзандагӣ, адрасбофӣ, қуроқдўзӣ, сўзанидўзӣ, намадбофӣ, ҷомадўзӣ, зардўзӣ, ресандагӣ дар маҷмўъ ба беш аз 20 ҳунарҳои мардумӣ шуѓл меварзанд.

Санъаткорони варзидаи вилоят ва шаҳр бо барномаи марғуби консертӣ табъи модарону бонувонро болида намуданд. Дар интиҳо ба иштирокчиёни ҷамъомад туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.