zoofirma.ru

Рӯзҳои истироҳат дар бозори марказии шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар чорабинии мазкур корхонаи саноатии ҶДММ “Фаровон-1” бо пешниҳоди 3,5 тонна орд ва 2 ҳазор дона тухм, ҶСК “Моҳипарварии Гулистон” бо дархости гулистониён 0,1 тонна моҳӣ, соҳибкорони маҳаллӣ 3,0 тонна картошка, 1,0 тонна сабзӣ, 2,0 тонна пиёз,0,5 тонна равғани пахта, 0,2 тонна гӯшти гов, 0,1 тонна гӯшти гӯсфанд, 0,1 тонна ҳасиб, 0,1 тонна сабзавоти гуногун, 0,2 тонна биринҷ, ва 0,2 тонна мевадор, дар маҷмӯъ зиёда аз 9,2 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешкаш намуданд.  Аз ҷумла, нархи нархи як халта орд (50кг) 180 сомонӣ ва  нархи 1 кг равған  11 сомонию 60 дирам буд.

Бояд зикр намуд, ки дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ҶДММ “Фаровон-1”, ҶСК “Моҳипарварии Гулистон”, СИ “Тошбоев У” ва соҳибкорони шаҳр  фаъолона иштирок намуданд.