zoofirma.ru

Имрӯзҳо ҷавонони саодатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба дастгирии давлату ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат мисли роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддини Кабирӣ ва пайравони ӯ дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намудан лозим аст. Зеро Тоҷикистони азизамонро ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ кас аз он ҷумла ба монанди чунин гурӯҳҳои ифротӣ, ободу осуда ва пешрафти онро таъмин намекунанд. Ин аҷнабипарасту хоҷапарасту ватанфурӯшон тонҳо мақсадҳои шахсӣ ва манфиатҳои хаҷагонашонро пеша доранд.

Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан намудани ин зуҳуроти нангин, даъват намудани тамоми кишварҳои олам ба ҳамоҳангиву ҳамдастагӣ дар роҳи мубориза ва муқовимат бо терроризм аз тарафи тамоми давлатҳои минтақа ва олам дастгирӣ ёфт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю талошҳо ба он равона карда шудааст, ки сулҳу суботу осоиштагӣ тамоми оламро фарогир бошад.

Баҳри ин амали муқаддас ҳама ҷаҳониёнро мебояд саъю кӯшиш варзанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз душманони миллати тоҷик - ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни “Гурӯҳи 24” барои ба даст овардани обрӯву эътибор ва бо паҳн кардани шиорҳои бардурӯғ дар кишварҳои аврупоӣ машғул мебошанд, вале муссалам аст, ки онҳо ба мақсадҳои нопоки худ ҳеҷгоҳ намерасанд.

Мо масъулони муассисаҳои таълимиро лозим меояд, ки баҳри дар роҳи дуруст ба воя расонидани насли наврас кӯшиш ба харҷ диҳем. Имрӯз мо барои оянда қадамҳои устувор ниҳода метавонем ба шарте, ки агар ҳамаи масъулияту рисолати ватанхоҳии худро сарбаландона иҷро намоем. хонандагон дар ин давраи синну солии афзоиши ақлонию ҷисмонӣ бояд бо меҳри Ватан обутоб ёбанд. Дар ин замина мо ҳамаи саъю кӯшиши худро ба роҳ мемонем.

Субҳон ДӮСТОВ,

директори МТМУ №6-и шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон