zoofirma.ru

Семинар-машваратДоир ба мавзӯи "Пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, равияҳои нодурусти мазҳабию динӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротию ғайриқонунӣ" дар МТМУ-и №14 семинар - машварат бо хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуд.

Мудирони бахши кор бо бонувон, кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум Саёҳат Бадалова ва Анис Ҳотамӣ доири мавзӯи номбурда ҳарф заданд. Дар фарҷоми чорабинӣ хонандагон фикру андешаҳои худро нисбати терроризм ва экстремизм баён карда, якдилона изҳор доштанд, ки аз доғҳои номатлуби ҷомеа хешро канор хоҳанд гирифт.

Чунин семинар – машварат дар гимназияи ба номи Б.Ғафуров низ ба вуқӯъ омад.