zoofirma.ru

Дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд озмуни «Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ ва хандаи ҳусн» ба ифтихори Соли оила баргузор гардид. Озмун аз рӯи панҷ шарт сурат гирифт. Намояндагони шаҳри Қайроққум Меҳрона Кабирова, Шаҳноза Султонова, Холида Эшматова, Мавзуна Сайфуллозода ва Нилуфар Раҳимова дар иҷрои шартҳои озмунӣ таҳти сарварии мудири бахши кор бо занон ва оила Муслимахон Исоқова фаъолнокӣ нишон доданд.

Мавзуна Сайфуллозода аз рӯи навъи либоси миллӣ маҳорати баланд намоиш дод ва мақоми аввалро соҳибӣ кард.