zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва роҳбари гурӯҳи кори оид ба амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода бо мақсади тавсеа ва тақвияти корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти бунёдшаванда дар маркази шаҳр ва шаҳраки Сирдарё ва раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ, таъмиру тармим ва азнавсозии иншоот боз дид ба амал оварданд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ва роҳбари гурӯҳи корӣ Савзаалӣ Назирзода аз ҷараёни сохтмон ва корҳои таъмири меҳмонхонаи “Далер-777” барои қабули 24 мизоҷ дар 18 ҳуҷраи замонавӣ, рафти таъмири маркази солимгардонӣ дар кӯчаи Ҷавонони марказии шаҳр, раванди корҳои сохтмонии истироҳатгоҳ барои 250 шинос гардида, бо масъулин ва сохтмончиён мулоқот намуда, ҷиҳати густариши корҳо дар иншоот дастуру супоришҳо дода шуд.

 

Дар шаҳраки Сирдарё тибқи нақша бояд 10 иншооти ҷашнӣ то соли 2021 бунёд гардад. Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ва роҳбари гурӯҳи корӣ Савзаалӣ Назирзода дар шаҳраки гелологҳо ба ҷараёни корҳои сохтмону таъмири Хонаи маданияти шаҳрак, раванди корҳои таъмирии боғчаи бачагона ва муассисаи таълимии № 8, инчунин ҷараёни ташкили корҳо ҷиҳати таъмир ва мумфарш кардани кӯчаи марказии шаҳрак дидан намуда, бо масъулин ва сохтмончиён суҳбат карда, доир ба тақвияти корҳои вазифагузориҳо намуданд.

Дар осоишгоҳи “Баҳористон” Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ва роҳбари гурӯҳи корӣ Савзаалӣ Назирзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сохтмони иншооти қароргоҳи ҳукуматӣ шинос гардиданд.