zoofirma.ru

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни гулҳо — «Сайри гули лола» дар ҷумҳурӣ барпо гардид. Ҳамчунин аз рӯйи номинатсияҳои «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашту хиёбони беҳтарин», «Боғи фарҳангиву фароғатии беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» «Ноҳияи беҳтарин» ва дигар бахшҳо ғолибон муайян гардида, бо туҳфа ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Дар маросим роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони тамоми вазорату идораҳо, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва гулпарварони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар вазъи тантанавӣ шаҳри Гулистон дар номинатсияи «Гулгашту хиёбони беҳтарин» ба ҷоиза ва дипломи дараҷаи сеюм мушарраф гардид. Гулгашти навбунёди шаҳрамон дар даромадгоҳи ғарбии шаҳрамон гулгашти ҷоизадор гардид. Муборак бошад!