zoofirma.ru

Ҳоло дар саросари ҷаҳон зиёда аз 180 давлат бо ин вабои нав - COVID-19 мубориза бурда истодааст. Ҷомеаи ҷаҳониро муамои паҳншавии ин вирус, яъне вабо ноором намуда, ба мардуми олам мушкилот ва бадбахтиҳои зиёде овардааст.

Дар байни Осиёи Марказӣ бошад, дар Ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз ин осебёфтагони вирус, мутаассифона пайдо шудааст. Имрўз расонаҳои иттилоотиро назора мекунем ба баъзе “ашхосон” мавзўи наве барои бўҳтону воҳима шудааст.

 

Байни мардум тафриқа андохта истодаанд, ки гўё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бемории COVID-19 будаасту лекин онро пинҳон дошта истодаанд. Баъзе аз гурўҳҳои ифротгаро дар ҳамин рўзҳои мушкил низ мехоҳанд, манфиати сиёсии худро пайдо намоянд.

Мо бояд садди роҳи ашхосонро ба монанди М.Кабирӣ ва дигаронро гирифта, боз якбори дигар вафодорӣ ба халқу миллати хеш будани худро ба ҷомеаи навин нишон диҳем. Бо ин гуфтаҳо мардумро ба таҳлука наандозед, агар хайрхоҳӣ мардум бошед, пас чаро гуреза ҳастеду ба халқу миллати худ кўмак надоред.

Хушбахтона, то ҳол дар Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятшавӣ ба ин вирус ба қайд гирифта нашуда, нишонаи ҳолати сар задани ин вирус дида нашуда, аз тарафи давлату Ҳукумат чораҳои барвақтӣ андешидаанд. Ба ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳл гузаронида шуда истодаанд.

Моро зарур аст, ки ҳушёриву зираки сиёсиро аз даст надиҳем ва ба ҳангомаҳои беасосу бофтаҳои шабакаи гуногуни иҷтимоӣ бовар накунем.

САЙҲУНА Шарифзода

мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр