zoofirma.ru

Гулистониёни азиз!

Ҷаҳон имрӯз ба дарди коронавирус «COVID-19» гирифтор аст ва боиси таассуф аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон низ ин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Ин боз як имтиҳони ҷиддӣ дар пешорӯи мо буда, аз мо интизоми қатъӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ ва зарурати доштани фосилаи иҷтимоиро тақозо менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар раванди иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили ҳифз ва нигоҳдошти тандурустии аҳолӣ диққати аввалиндараҷа, тадбирҳои зарурии мушаххасро ҷиҳати пешгирии ин беморӣ меандешад.

Бузургони мо фармудаанд, ки тарсу ваҳм ва таҳлукаи беасос асоси хуруҷи ҳама гуна бемориву бадбахтиҳои инсон мебошад. Вобаста ба ин, ба шумо сокинони шарафманди шаҳру шаҳракҳои Гулистон муроҷиат намуда, даъват менамоем, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накарда, дар раванди иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ва вазифаҳои шаҳрвандии худ собитқадам бошед. Дар оилаҳои худ муҳити созгори зиндагиро таъмин намуда, дар маҷмӯъ осоиш ва амнияти ҷомеаро таъмин созед.

Барои ҳифзи саломатии хеш ва фарзандону пайвандон баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус «COVID-19» гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намоед:

- дар хонаҳои худ шинед, ба кӯча танҳо дар ҳолати зарурӣ бароед;

- дастони худро мунтазам бо собун шӯед;

- гулӯву биниро бо намакоб чайқонед;

- оби ҷӯши гарм нӯшед;

- ба кӯча танҳо бо ниқоб бароед;

- тариқи дастфишурӣ салом нанамоед;

- аз истеъмоли худсаронаи ҳар гуна доруворӣ даст кашед;

- масофаро бо атрофиён риоя намоед (то 2м);

- аз истифодаи ҳар гуна доруворӣ бе маслиҳати табибон худдорӣ кунед;

- дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ба духтури оилавӣ муроҷиат намоед.

Дар хотир доред, ки саломатии ҳар як шаҳс дар дасти худи ӯст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон орзуманди саломатӣ ва зиндагии босаодату шоистаи Шумост. Итминони комил дорем, ки мо дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ ҳама гуна душвориҳоро паси сар хоҳем кард.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Гулистон