zoofirma.ru

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода якҷоя бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят Маҳмадӣ Давлатов собиқадори ҷангу меҳнат Саломат Болтаева, ки дар ақибгоҳ фидокорона хизмат намудааст, аёдат намуданд.

Зимни суҳбат бо ин зани матиниродаи даврони солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ зикр гардид, ки гиромидошти хотири қурбониён ва қадршиносӣ аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои онҳо ва фидокорони меҳнати ақибгоҳ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ дар ин раванд тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд. Ба иштирокчии фидокори меҳнати ақибгоҳ Саломат Болтаева бахшида ба 75-солагии Рӯзи Ғалаба кумакҳои моддӣ аз ҷумла, туҳфаҳои пулии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода тақдим карда шуд. Саломат Болтаева нисбати ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои муаззами миллат, давлату ҳукумати ҷумҳурӣ барои меҳрубониву дастгириҳои пайваста миннатдорӣ намуда, баҳри сиҳатӣ ва солимии миллат дуои хайр кард.

Тазаккур бояд дод, ки алҳол дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва шаш ҷамоати шаҳракҳои тобеи он алҳол 5 нафар заҳматкашони ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 умр ба сар мебаранд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз Анастасия Петрова, Қурбоной Раҷабова дар маркази шаҳр , Волкова Раиса Ивановна дар шаҳраки Сирдарё ва Софя Атоева дар шаҳраки Чоруқдарон, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ барои Ғалаба хизмати шоён намудаанд, ба аёдат фаро гирифта шуда, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба онҳо кумакҳои яквақтаина ва ҳадяпулиҳо супорида шуданд. Аёдатшудагон ҳамагон барои осоиштагиву ободии кишвар, рушду нимуи он ва офияти бардавоми тоҷикистониён даст ба дуо кушоданд.