zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба ҷамоати шаҳраки Консой бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрак сафари корӣ намуд. дар ибтидо Раиси шаҳр аз беморхонаи рақами 2-и ҷамоати шаҳраки Консой боздид карда, бо кормандон ва табибони ин беморхона суҳбат намуда, вобаста ба захира намудани миқдори зарурии маводи доруворӣ ва хӯрокворӣ ба маъмурияти беморхона супоришҳо дод. Зикр гардид, ки дар вазъияти имрӯза табибон бояд бештар ба беморон ҳалиму меҳрубон ва дар ҳифзи солимии ҷомеа масъулиятшинос бошанд.

Дар муассисаи таълимии № 3-и Раиси шаҳр бо маъмурият ва омӯзгорон мулоқот намуда, доир ба таъмири боми муассиса ва гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар муассиса ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 

Ҳамзамон, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бобати пешгирӣ намудани аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ ва пешгирии саривақтии роҳҳои паҳншавии онҳо бо фаъолони ҷамоати шаҳраки Консой суҳбат намуд. Зикр гардид, ки доир ба ҷилавгирии бемории коронавирус тадбирҳои саривақтиро андешида, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботӣ-ташвиқотӣ пурзӯр карда шавад.

Дар интиҳо ба масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳр доир ба пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва безараргардонии маҳалли зист, кӯчаву гулгаштҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ баҳри пешгирии сирояти коронавируси COVID-19 вазифагузориҳо карда шуд.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон