zoofirma.ru

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Бо қаҳрамонии бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалӣ мардуми мо тавонистанд аз мушкилот раҳо ёфта, ба саодатмандӣ бирасанд.

Дастовардҳои беназири мардуми шарифи мо, тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи кишварҳои олам эътироф карда шудааст. Вале бархилофи созишномаи қаблан баимзорасида, санаи 27-уми майи соли 2020 шаҳрванди Қирғизистон Соат Бахтибеков, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи шаҳрвандонамон тир кушодааст. Мардуми ҳамсарҳади мо Ҷумҳурии Қирғизистон бо вайрон намудани санадҳо, ки ин албатта, хилофи созишномаҳои дуҷониба мебошад ва имрӯз вазъи ноороми минтақаи наздисарҳадии шаҳри Исфара ҳамаро ба ташвиш овардааст. Дар ин ҳодиса ду нафар шаҳрвандамон Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна (Муътабархони Зуҳридин), истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-и тухмипарварии ҳамин маҳалла ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳолатро бояд онҳо ҷавоб диҳанд.

Амали аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон содиршуда пурра бар хилофи созишномаҳои тарафайн ва поймолкунии арзиши олӣ дониста мешавад. Чун ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешавад, мақомоти дахлдори давлатии ҷумҳуриамонро зарур аст, ки нисбат ба ин қазия чораҳои фаврӣ андешанд.

Итминон дорем, ки сулҳу оромии кишвар, аз ҷумла марзи он аз ҳамагуна дахолат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонамон аз поймолшавӣ ҳифз карда мешавад.

Умеда Комилова,

сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон