zoofirma.ru

«Рӯзи Рӯдакӣ» дар ҚайроққумДар боғи фарҳангу фароғатии «24-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ» бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» таҳти унвонии «Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт…» чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд.

Чорабинӣ бо сухани муовини Раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов ифтитоҳ ёфта, мавсуф роҷеъ ба рӯзгору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, замони аҳди Сомониён, суханварони ҳамасри устод андешаҳои ҷолиб баён кард. Таъкид шуд, ки маҳз бо шарофати замони соҳибистиқлолӣ шеъри ноби тоҷикӣ, мақоми Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сатҳи баланд арҷгузорӣ мешавад.

«Рӯзи Рӯдакӣ» дар Қайроққум

Доир ба ҳаёти шоир филми мустанади «Дарёи панди Рӯдакӣ» пешкаши тамошобинон гардид. Дар фароварди маҳфили шеъру шоирӣ барои ҳозирин аҳли ҳунари бахши фарҳанг Азимбой Холов, Соҳиба Каримова, Ҳусейнбой Набиев, Бахтиёр Давлатов, Шоҳрух Шамсиев. Сафиоллоҳ Қурбонов, Фарҳод Дадобоев ва Шоҳраҷаб Эркаев суруду таронаҳо хонда, чорабиниро рангину гармтар намуданд.

Таҷлили «Рӯзи Рӯдакӣ» бори дигар собит сохт, ки дар қатори форсизабонони олам мардуми фарҳангдӯстӣ тоҷик бо ихлоси баланд такроран бигӯянд: «Устод Рӯдакӣ ифтихори мо буд, ҳаст ва хоҳад монд!».